Аббос Ҷаводӣ

Се моҳ пеш гузориши Питер Леонард дар Евразианет ва “Номаи Саркушода”, ки онро эҳтимолан Эдуард Леммон навишта ва дар сомонаи “Open Democracy” нашр кард, ба маъракаи дуруғ ва беасосу гумроҳкунанда бо иттиҳомоти алайҳи ман, доктор Аббос Ҷаводӣ, собиқ раҳбари минтақавии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва хонум Соҷида Ҷаъфарова, мудири пешини бахши тоҷикӣ, маълум бо номи “Озодӣ” оғоз гузошт. Ин иттиҳомот  дуруғ ва тавҳиномез аст. Ин як маъракаи сиёсӣ буд, на талоши беҳбуд бахшидан ба мӯҳтавои барномаҳои Озодӣ. Ба бовари ман ҳадафи аслии ин маърака, ки дар асл онро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз карда буд, иваз кардани мудири минтақавии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ ва мудири бахши тоҷикӣ буд.

Дуюми апрели соли 2019  ман аз мақоми раҳбари минтақавии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо сабабҳои зерин истеъфо додам;

        -ба хотири дифоъ аз манофеи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ  ва ба хотири ҷилавгирӣ аз фишор ба ин муассисаи бонуфуз аз ин маъракаи созмонёфта;

      -ба хотири ҳимоят аз хизмати  34 солаи софдилона ва содиқона ҳамчун мудири барномаҳо ва мудири бахшҳои мухталифи  Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ;

       – ва бо ин умедворӣ, ки ҳақиқат дар муддати кутоҳ тавассути таҳқиқи Дафтари Инспектори Генералии назди Департаменти Давлатии ИМА ошкор мешавад, ки ман онро бесаброна интизорам.


Иттиҳомот

Иттиҳомҳои алайҳи ман ва хонум Ҷаъфарова аз ҷумла ин буд:

(а) “созиш” бо мақомоти Тоҷикистон ва кормандони амниятӣ барои “камтаъсир” кардани муҳтавои гузоришҳо ба фоидаи ҳукумати худкомаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва (б) “бархурди сард” бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ. Онҳо ҳамчунин иттиҳомоти марбут ба “фасод”, дар робита ба куч бастани дафтари  Радиои Озодӣ дар Душанбе ва ҳамкории Озодӣ бо радиои маҳаллиро матраҳ карданд, ки ҳарду гӯё ба афроди наздик ба раисиҷумҳур рабт доранд. Иттиҳомот мустақим ва ғайримустақим ба ин ишора мекунанд, ки мо собиқ мудирон аз куч бастани дафтари Радио ба бинои нав ва қарордод бо шабакаи радиои “Имрӯз” барои пахши хабарҳои рӯзона,  манфиати молӣ доштем, дар баробари ҳукумати Тоҷикистон аз “лаҳни нарм” кор мегирифтем ва аз сӯҳбат “бо раҳбари ҲНИТ- Муҳиддин Кабирӣ” фирор мекардем.

Раддия

Муаллифон (1) ба иддаои беасос ва шоеаҳои баъзе кормандони беноми собиқ ва феълии Радиои Озодӣ такя мекунанд; (2) аз ман ҳарферо иқтибос меоранд, ки ман ҳеҷ гоҳ нагуфтам; (3) ба баъзе “мушкилоти таҳрирӣ” дар бархе гузоришҳои Озоди дар 12 моҳи ахир ишора мекунанд, ки ҳеҷ иртиботе ба иттиҳомоти аслӣ “созиш” ва “фасоди молӣ” надоранд.

Иттиҳомҳои марбут ба қарордоди ҳамкории Радиои Аврупои Озод ва Радиои “Имрӯз”-и Тоҷикистон дар бораи пахши як маҷаллаи хабарии 10-дақиқагӣ таҳияшуда аз сӯи Радиои Озодӣ ва кӯчи ахири дафтари Радиои Озодӣ ба макони нав ва беҳтар:

Ҳамаи корҳои марбут ба бастани қарордодҳои дафтарҳои хориҷӣ, қарордоди бозпахши барномаҳо дар расонаҳои хориҷӣ, шароиту назорат бар иҷро тамдид ва поёни ин қарордодҳо сирф ҷузъи салоҳиятҳои “Оҷонси байналмилалии ИМА” – USAGM,  Ҳайъати байналмилалии пахш (IBB),  Бахши Текноложӣ, Бахши амният ва Бахши кор бо дафтарҳои Радиои Аврупои Озод аст. Мо ба унвони мудирони барномаҳо танҳо нақши машваратӣ доштем.

Бо ин вуҷуд, дар фасли “пулро думбол кунед”- и мақолааш ҷаноби Леонард баъди он ки дар бораи муомилот ва ниҳоӣ шудани қарордод бо Радиои Имрӯз ҷузъиёт медиҳад, аз ман иқтибос овардааст, ки гӯё ба кормандони  Озодӣ гуфта бошам, ки махсус барои пахш дар  ин радиои маҳаллй танҳо гузоришҳои “нарм” ва “фарҳангй” омода кунанд.

Ҳузур дар Радиои Имрӯз барои дастрасӣ ба мардуми Тоҷикистон, пешниҳоди маълумоти бештар дар бораи таҳаввулот ва муҳтавои маводи Озодӣ дар сомона ва Ютуб муҳим буд ва ҳаст. Баъзе гузоришҳои барномаи 10-дақиқагии Озодӣ дар Радиои Имрӯз чанд дафъа ба иллати “танқиди ҳукумат ва бад ҷилва додани Тоҷикистон” аз пахш бардошта шуданд, ва мо тасмим гирифтем барномаро эҳтиёткорона таҳия кунем, то мудирони Радиои Имрӯз аз пахши он комилан даст накашанд. Аз ин рӯ иддаое, ки мо инро ба хотири хушҳол кардани ҳукумати Tоҷикистон ё фоидаи молй ё жести сиёсӣ карда бошем дурӯғи маҳз аст.

-Дар бораи иттиҳоми марбут ба “лаҳни нарм” нисбат ба ҳукумати худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон:

Соли 2015, баъди шӯриши низомӣ ва гуё “кушиши табаддулоти давлатӣ” аз тарафи Ҳизби наҳзати исломӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон, фишор ба мухолифин ба шиддат афзоиш ёфт. Бахши умдаи матбуоти мустақил баста шуд ва хабарнигоронашон таҳти таъқиб қарор гирифтанд. Шаш хабарнигори мо низ аккредитатсияи худро аз даст дод ва идомаи фаъолияти дарфтари  Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар Душанбе дар гумон шуд.

Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишвар мамнуъ ва исми раҳбари он Муҳиддин Кабирй ба рӯйхати “террористҳо” шомил шуд, чизе, ки ҷаноби Кабирӣ комилан рад мекунад. Ба фарқ аз ҳукуматҳо ва созмонҳо, мо ҳамчун матбуот дар мавқее нестем, ки фард ё гуруҳеро ба унвони “террорист” таъин кунем. Дар арзёбиҳои аслии мо хати қирмизи ҳукумати Тоҷикистон (бовар дорам ҳоло ҳам чунин аст) эҷоди таассуроти пуштибонӣ аз ҲНИТ ва сӯҳбати мустақим бо раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ буд. Бале, дуруст аст, ки Озодӣ бо раҳбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, ки ҷаноби Леонард ӯро “нармгуфтор ва ришаш пок тарошида” тасвир мекунад, сӯҳбати мустақим анҷом надод. Аммо ин ба маънои пайравӣ аз мавқеи ҳукумат, ки ӯ ва ҳизбашро “террористӣ” эълон кардааст ё ба хотири хушҳол кардани ҳукумат набуд. Ҳадаф ҷилавгирӣ аз вазъияти драматикӣ буд, ки эҳтимол ба фаъолияти Озодӣ дар Тоҷикистон хотима мегузошт. Дуруст ё ғалат, мо мусоҳибаи мустақим бо ҷанобии Кабириро барои идомаи ҳузурамон дар Тоҷикистон хатарнок арзёбӣ мекардем. Аммо ҳамзамон, Озодӣ бо истифода аз ҳар маврид дар бораи фишорҳо, таъқиби додгоҳӣ, шиканҷаи аъзо ва тарафдорони аҳзоби мухолиф, бо шумули ҲНИТ, гузориш медод. Садҳо гузориш  ва мусоҳиба танҳо дар соли гузашта инро собит мекунанд.

-Дар бораи иттиҳоми марбут ба “тамосҳои муназзам ва чандинсола бо мақомоти Тоҷикистон ва маъмурони амниятии ин кишвар”:

Аввалан, ман ҳеҷ асосро намебинам, ки чаро бо мақомоти кишваре, ки Радио дар он фаъолият мекунад, тамос вуҷуд надошта бошад. Ин гуна тамосҳо бояд бошанд. Дафтари Душанбе ва маъмурони дафтари Душанбе ва хабарнигорон бо мақомоти маҳаллӣ дар тамос ҳастанд. Тамоси мо дар ситоди Прага бо мақомоти Тоҷикистон хеле маҳдуд аст. Дуюм, дар даҳсолаи ахир ман танҳо як бор, он ҳам дар соли 2015, ки барои коҳиши фишори давлат ба рӯзноманигорони Радиои Озодӣ ва дафтари мо ба Тоҷикистон рафта будам, бо Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ доштам. Ман дар талошҳои худ қисман муввафақ шудам. Сомонаи Радиои Озодӣ баста боқӣ монд ва хабарнигорони мо таҳти фишор ва суолу ҷавоб бо мақомҳои Вазорати хориҷии Тоҷикистон қарор доштанд. Аммо хабарнигороне, ки аккредитатсия ё корти хабарнигории худро аз даст дода буданд, ба кор баргаштанд ва дафтари Душанбе фаъолияти худро бидуни дахолати мустақими мақомот идома дод. Ин, ба назари ман аз баракати бархурди эҳтиёткорона ба бор омад.

Охири соли 2018 ман ду дафъа бо як нафаре, ки худро “Хуршед” муаррифӣ кард (номи хонаводагиашро намедонам) ва зоҳиран аз Вазорати хориҷӣ дар умури матбуоти хориҷӣ буд, ду сӯҳбати кутоҳи телефонӣ доштам. Дар мавриди аввал дар бораи як тасҳеҳ ба назари мо ғайримуҳим дар як гузориш буд, ки шахси номбурда мегуфт, муҳим аст ва он ин буд, ки касе ки мо дар гузориши худ вобастаи Вазорати амният муаррифӣ карда будем, дар асл вобастаи Вазорати дохилӣ будааст. Дафъаи дуюм дархости аз сомонаи Озодӣ берун кардани мақола дар бораи як ҳамлаи эҳтимолии террористӣ ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон буд. Мо дар ҷавоби телефонӣ ба фарди номбурда гуфтем, ки мо ин корро нахоҳем кард, чаро ки аз сиҳатии ин хабар мутмаин ҳастем ва мо бо хости ҳукумат, ё мухолифин чизеро ҳазв намекунем.

-Иттиҳоми марбут ба бархе “Масоили таҳрирӣ” дар теъдоди ангуштшуморе аз мақолаҳо ва ахбори 12-моҳи ахир, ки гуё нишондиҳандаи “ҳамдастӣ”-и мо бо ҳукумати Тоҷикистон ва “фасоди молӣ” аст:  

Аввалан, аксарияти эродҳое, ки ба ин чанд мақола ва хабар гирифта шуданд, нодуруст ва ё нимадуруст аст ва танҳо эроди таҳрирӣ ба ду мақола ва як хабарро метавон баҷо шумурд.  

Баҳсҳои таҳрирӣ таҷрибаи ҳаррӯза ва умумии хабарнигорон дар ҳама расонаҳо аст. Баҳсҳо ба хотири дигаргунӣ ва таҳияи гузоришҳои беҳтар ҷараён мегиранд.

Озодӣ солона беш аз 6 ҳазор мақола, гузориш, сӯҳбат, хабар ва қиссаҳо таҳия мекунад ва аз рӯйи адад чанд мақолае, ки танқид шуд, даҳ ё каме бештар аз инанд,  наметавонанд тамоми барномаҳои Озодиро мунъакис кунанд. Муҳимтар аз ҳама,  ин “даҳҳо иштибоҳи таҳрирӣ” ҳеҷ иртиботе бо иттиҳомоти дуруғини “созиш” ва “фасоди молӣ” надоранд.

Маъракаи сиёсӣ

Такя ба иддаоҳои беасос ва матраҳ кардани “мушкилоти таҳрирӣ” дар чанде аз гузоришҳои Озодӣ ва даъвати пофишорона ба истеъфои мудрони Озодӣ, ба бовари ман, ба таври равшан ба вуҷуди як маъракаи сиёсӣ ишора мекунад, на нигаронӣ аз муҳтавои гузоришҳои Озодӣ. Ин маърака ибтидо аз ҷониби ҲНИТ раҳандозӣ ва ба таври ошкоро пуштибони шуд ва сипас онро ҷанобон Леонард ва Леммон идома доданд. Ҳадафи маърака заъиф кардани садои Озодӣ ва бо туҳмат барканор кардани мудирони Озодӣ буд, на неру бахшидан ба он. Нашрияҳои марбут ба ҲНИТ бознишаста шудани моро ҳамчун “бузургтарин пирӯзӣ дар соли 2019” ҷашн гирифтанд.

                Муҳтаво ва таъсири Радиои Озодӣ

Озодӣ даҳсолаҳо боз ба мардуми Тоҷикистон хизмат мекунад ва ман ифтихор мекунам, ки чанд сол як бахши ин фаъолияти бисёр муҳим будам. Махсусан ҳоло, дар фазои бисёр маҳдуд ва хатарнок хадамоти пурарзишеро, ки Озодӣ дар Тоҷикистон пешниҳод мекунад, бештар аз ҳар вақти дигар муҳим аст.

Соли 2018 Озодӣ дар тамоми платформаҳои мавҷуд рақамҳои рекордӣ ба даст овард. Видеогузоришҳои Озодӣ дар канали Ютуб 200 миллион тамошо дошт, 600 ҳазор нафар дар ин пойгоҳ ба гурӯҳи пайравони Озодӣ ҳамроҳ шуданд, дар сомонаи Озодӣ 19 миллион  “боздид” ва 55 миллион “pageview” сабт шуд, видеоҳои Озодӣ 14,3 миллион дафъа дар Фейсбук намоиш шуд.

Озодӣ садои ҷаҳони демократияи Ғарбӣ дар Тоҷикистон бо забони тоҷикист.

                        Хулоса  

Садои Озодӣ ба пуштибонӣ ниёз дорад, на ба тӯҳмату бадзабонӣ ва иттиҳомоту овозаҳо, ки онро заъиф мекунанд. Заъфи ин садо ва садои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бар зарари мардуми Тоҷикистон аст, ки ба ин пойгоҳ ниёз дорад ва ба он арҷ мегузорад.

Тоза кардани номи Озодӣ, номи ман ва мудирону муҳаррирони Озодӣ аз иттиҳомоти “созиш” ва “коррупсия” барои миссияи Озодӣ ва фаъолияташ дар Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Озодӣ ҳамчун як бахши USAGM саховатмандона аз ҷониби Конгресси Ийолоти Муттаҳидаи Амрико сармоягузорӣ мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Идораи Инспекторони Генералии назди Департаменти Давлатии ИМА таҳқиқи мушикофона ва сареъро дар баробари ин иттиҳомот анҷом диҳад. Ман аз самими қалб аз чунин таҳқиқ пуштибонӣ ва истиқбол мекунам. Бо ин роҳ, мехоҳам воқеияти ин иттиҳомоти бепояву асос, ки ҷанобон Леонард ва Леммон пеш гузоштанд, ошкор ва зарбае, ки ба обрӯи касбӣ ва молии ман расидааст, бартараф шавад.

********

Доктор Аббос Ҷаводӣ, собиқ раҳбари минтақавии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аст.  Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ масъули мазмун ва мундариҷаи ин раддия нест.

Advertisements